- чам
- I[چم]хиром ва рафтори баноз; ҳаракати бо нозу адо; бо нозу карашма ва такаббур роҳ рафтан; ниг. чамидан III[چم]кит1. назму тартиб дар кор; ба сомон даровардани корҳо; ба чам будани (гаштани) кор муназзаму ороста ва ба сомон будани (гаштани) кор2. равнақ, барор3. рафтор; саъй, кӯшиш; чаму хам а) хаму печи ҳар коре, ки эҳтиёҷ ба дарёфтан дорад; б) изҳори адаб бо забон ва ишорати лабу рӯйIII[چم]кит1. маънӣ ва мазмун дар сухан, нутқ ё калима; ифода ва ҷанбаи маънавии вожа; муқ. лафз2. тамиз, маънӣ, шарму ҳаёIV[چم]1. саҳву хато; ҷурм, гуноҳ, базаҳ2. ҷои сусту заифи касе; раги хоби касе; он чи ки бо донистану ба даст овардани он тасаллут ва нуфуз бар касе пайдо кардан мумкин аст; чами касеро ба даст овардан киноя аз раги хоби касеро донистан, ҷиҳати сусти касеро ошкор сохтан ва истифода намуданV[چم]каҷӣ, инҳироф; каҷроҳа, хамгашт; печу хами роҳVI[چم]сина, садр; сари сина, пеши барVII[چم]1. обгардони бузурги чӯбин; кафлес; асбоби чӯбин барои аз зарф гирифтани об, ки хурди онро чамча // чумча мегӯянд2. табақи паҳне, ки аз най ё навда мебофиданд ва бо он ғалларо аз хасу хошок ва регу хок тоза мекардандVIII[چم]мухаффаф ва кӯтоҳшудаи чашм
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.